Translate

05. 07. 2019.

NEWS RELEASE (English/Tajik) ‑ Enforced disappearance: Experts urge Tajikistan to comprehensively address challenges/Нопадидшавии маҷбурӣ: Коршиносон аз Тоҷикистон даъват мекунанд, ки мушкилиҳоро ҳамаҷониба бартараф намояд


media-specialprocedures@ohchr.org


                       Tajik version below

Enforced disappearance: Experts urge Tajikistan to comprehensively address challenges

GENEVA (5 July 2019) – UN experts said today Tajikistan faces significant challenges in dealing with the issue of enforced disappearances.

“We leave Tajikistan with some hope and serious concerns,” a delegation of the United Nations Working Group on Enforced or Involuntary Disappearances said in a statement at the end of a five-day visit to the country.  “Very little has been done to deal with issues related to truth, justice, reparation and memory in relation to the civil war that took place between 1992 and 1997, a virtually unaddressed subject in the country.”

The experts were unable to get official figures but it is estimated that thousands may still be unaccounted for among the different factions. There are allegedly also a number of unopened mass graves.

 “It is unprecedented in our experience that there is so little interest in shedding light on events of this significance,” they said. “Tajikistan needs to create conducive conditions to openly and comprehensively address issues related to past violations, including enforced disappearances.” 

The experts also expressed concern at information received that there have been recent cases, including of Tajik nationals residing abroad forcibly returned to Tajikistan. “In some cases, these individuals have appeared in detention in Tajikistan after a short period of disappearance; in a few others their whereabouts are still unknown,” they added, noting that the authorities have denied these allegations.

The experts also acknowledged legislative amendments adopted in 2016 related to the registration of those deprived of liberty and the notification of family members. These provisions, however, could be further improved and are often not effectively implemented. The Working Group called for the establishment of a simple, accessible and effective mechanism for families to quickly locate their loved ones.

The experts also urged the adoption of additional measures for prevention. “Some of these measures can be taken swiftly, such as the ratification of the International Convention on the Protection of All Persons from Enforced Disappearance and the introduction of an autonomous crime of enforced disappearance in the penal code. 

We welcome that the ratification of the Convention has been introduced in the 2017-2020 National Plan of Action among the measures to implement the UPR (Universal Periodic Review) recommendations after the second cycle,” the experts said.

The Working Group appreciated that the Government granted almost all requested meetings. “The invitation to visit the country, the openness of the Government to discuss a number of issues, as well as some legislative and institutional measures taken, are encouraging steps,” the experts said. “We also welcome that we were given access to a number of places of deprivation of liberty.”

“The visit of these places has confirmed the need to establish a centralised nation-wide system of registration of all persons deprived of liberty as provided for in the Declaration on the Protection of All Persons from Enforced Disappearance. The absence of a centralised digital system renders inaccuracies frequent and abuses possible,” the experts said.

The experts were granted a short visit to Vahdat prison, where - after rioting prisoners killed three guards and three other prisoners - the guards responded with force killing 27 inmates. “A thorough, impartial and independent investigation, in accordance with international standards, is urged to determine the circumstances in which the inmates were killed and how their remains were identified,” they stressed.

During the visit from 1 to 5 July, the delegation met with Government officials, relatives, lawyers and representatives of civil society organisations.

A final report on the visit will be presented to the UN Human Rights Council in Geneva in September 2020.

ENDS

 The Working Group on enforced and involuntary disappearances comprises five independent experts from all regions around the world. The Chair-Rapporteur is Mr. Bernard Duhaime (Canada) and the Vice-Chair is Mr. Tae-Ung Baik (Republic of Korea); other members are Ms Houria Es-Slami (Morocco), Mr. Luciano Hazan (Argentina) and Mr.Henrikas Mickevicius (Lithuania).

The Working Group was established by the UN Commission on Human Rights in 1980 to assist families in determining the fate and whereabouts of disappeared relatives. It endeavours to establish a channel of communication between the families and the Governments concerned, to ensure that individual cases are investigated, with the objective of clarifying the whereabouts of people who, having disappeared, are placed outside the protection of the law. 

In view of the Working Group’s humanitarian mandate, clarification occurs when the fate or whereabouts of the disappeared person is clearly established. The Working Group continues to address cases ofdisappearances until they are resolved. It also provides assistance in the implementation by States of the United Nations Declaration on the Protection of All Persons from Enforced Disappearance.

The Working Groups are part of what is known as the Special Procedures of the Human Rights Council. Special Procedures, the largest body of independent experts in the UN Human Rights system, is the general name of the Council’s independent fact-finding and monitoring mechanisms that address either specific country situations or thematic issues in all parts of the world. 

Special Procedures experts work on a voluntary basis; they are not UN staff and do not receive a salary for their work. They are independent from any government or organization and serve in their individual capacity.

UN Human Rights, Country Page – Tajikistan

For more information and media requests:

In Geneva (before and after the visit): Ugo Cedrangolo (+41 22 917 9286 - ucedrangolo@ohchr.org
 
In Dushanbe (during the visit): Suhrob Shoev (+992 44 600-55-40) - sshoev@ohchr.org

For media inquiries related to other UN independent experts:


Jeremy Laurence – Media Unit (+41 22 917 9383 / jlaurence@ohchr.orgjlaurence@ohchr.org




Нопадидшавии маҷбурӣ: Коршиносон аз Тоҷикистон даъват мекунанд, ки мушкилиҳоро ҳамаҷониба бартараф намояд

 ЖЕНЕВА (5 июли соли 2019) – Коршиносони СММ гуфтанд, ки имрӯз Тоҷикистон дар масъалаи нопадидшавии маҷбурӣ бо мушкилоти чашмрас рӯбарӯ аст.

Аъзои ҳайати намояндагии Гурӯҳи кории СММ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ ё ғайриихтиёрӣ дар поёни сафари панҷрӯзаи худ ба кишвар дар изҳороти худ аз ҷумла чунин баён доштанд: “Мо бо баъзе умедҳо ва нигарониҳои ҷиддӣ Тоҷикистонро тарк мекунем”. “Дар масъалаҳои вобаста ба ҳақиқат, адолат, ҷуброн ва хотираи вобаста ба ҷанги дохилӣ, ки дар байни солҳои 1992 ва 1997 рӯй дод, хеле корҳои каме анҷом дода шудааст ва амалан ин масъала дар кишвар ҳалношуда боқӣ мемонад.”

Коршиносон натавонистанд маълумоти расмиро ба даст оваранд, вале чунин ба назар мерасад, ки ҳазорон нафар аз байни тарафҳои гуногун нопадидшуда боқӣ мемонанд. Ҳамчунин ба эҳтимоли зиёд чанд қабри дастаҷамъии бознашуда ҳам вуҷуд доранд.

“Ин дар таҷрибаи мо як ҳолати бесобиқа аст, ки барои равшанӣ андохтан ба чунин рӯйдоди муҳим таваҷҷуҳи хеле кам зоҳир мешавад” – гуфтанд онҳо. “Тоҷикистон бояд як шароити мусоид барои ба таври боз ва ҳамаҷониба баррасӣ кардани масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар гузашта, аз ҷумла нопадидшавии маҷбурӣ эҷод намояд.” 

Коршиносон ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки вақтҳои охир дар бораи ҳолатҳое маълумот дарёфт менамоянд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷ маҷбурӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд. “Дар баъзе ҳолатҳо, ин афрод пас аз муддати кӯтоҳи нопадидшавӣ дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон пайдо мешаванд;  дар чанд ҳолати дигар ҷои будубоши шахсон ҳанӯз ҳам номаълум аст” – илова карданд онҳо ва зикр карданд, ки мақомот чунин айбдоркуниҳоро инкор мекунанд.

Коршиносон ҳамчунин эътироф карданд, ки дар соли 2016 оиди бақайдгирии шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва хабар додан ба аъзои оилаҳои онҳо ба қонун ислоҳот ворид шудааст. Мумкин буд, ки ин муқаррарот минбаъд такмил карда шаванд ва аксари вақтҳо онҳо ба таври самарабахш татбиқ намешаванд. Гурӯҳи корӣ ба он даъват кард, ки як механизми содда, дастрас ва муассир барои оилаҳо ҷиҳати зуд ёфтани азизони худ ҷорӣ карда шавад.

Коршиносон ҳамчунин ба қабули тадбирҳои иловагӣ барои пешгирӣ даъват карданд. “Баъзе аз ин тадбирҳо мумкин аст зуд иҷро шаванд, ба монанди тасвиби “Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояти ҳамаи шахсон аз нопадидшаваии маҷбурӣ ва ворид кардани ҷинояти алоҳидаи нопадидшавии маҷбурӣ дар Кодекси ҷиноятӣ”. Мо аз ин ташаббус истиқбол мекунем, ки тасвиби Конвенсия дар Нақшаи миллии амал барои солҳои 2017-2020 дар миёни тадбирҳо барои татбиқи тавсияҳои Шарҳи универсалии даврӣ (UPR) пас аз даври дувум ворид карда шудааст” – гуфтанд коршиносон.

Гурӯҳи корӣ аз он қадрдонӣ кард, ки Ҳукумат қариб ҳамаи мулоқотҳои дархостшударо фароҳам сохт. “Даъват барои боздид аз кишвар, боз будани Ҳукумат барои баррасии як қатор масъалаҳо ва ҳамчунин баъзе тадбирҳои қонунгузорӣ ва институтсионалии анҷомшуда қадамҳои ташвиқкунанда мебошанд”, гуфтанд коршиносон. “Мо ҳамчунин истиқбол менамоем, ки ба як қатор ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ дастрасӣ доштем”.

“Боздид аз ҷойҳои мазкур зарурати ташкил намудани системаи мутамарказонидашудаи бақайдгирии ҳамаи шахсони аз озодӣ маҳрумшударо дар саросари кишвар тасдиқ намуд, тавре ки дар “Эъломия оидба ҳимояти ҳамаи шахсон аз нопадидшавии маҷбурӣ” пешбинӣ шудааст. Набудани системаи рақамии мутамарказонидашуда боиси зуд-зуд рух додани нодақиқиҳо ва сӯиистифодаҳои эҳтимолӣ мешавад” -  гуфтанд коршиносон.

Ба коршиносон боздиди кӯтоҳ аз зиндони шаҳри Ваҳдат фароҳам карда шуд, ки дар он ҷо моҳи маи соли 2019 зиндониёни ошӯбгар се нигоҳбони зиндон ва се зиндонии дигарро ба қатл расониданд ва нигоҳбонон аз нерӯ истифода намуда, дар натиҷа 27 зиндониро ба қатл расониданд. “Тафтишоти дақиқ, бетараф ва мустақил мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ҷиҳати муайян намудани вазъиятҳое зарур мебошад, ки дар он зиндониён ба қатл расиданд ва чӣ гуна ҷасадҳои онҳо муайян карда шуданд” - зикр намуданд онҳо.

Дар тӯли сафар аз санаи 1 то 5-уми июл, ҳайати намояндагӣ бо кормандони Ҳукумат, хешовандон, адвокатҳо ва намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот намуданд.

Гузориши ниҳоӣ дар бораи сафар ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар дар Женева дар моҳи сентябри соли 2020 пешниҳод карда хоҳад шуд.

ПОЁН

Дар ҳайати Гурӯҳи корӣ оид банопадидшавии маҷбурӣ ва ғайриихтиёрӣ панҷ коршиноси мустақил аз ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон ҳузур доранд. Раиси гурӯҳ - гузоришгар ҷаноби Бернард Дуҳаим (Канада) ва муовини раис ҷаноби Тае-Унг Байк (Ҷумҳурии Кореа; дигар аъзои гурӯҳ хонум Ҳурия Эс-Сламӣ (Марокаш), ҷаноби Лусиано Ҳазан (Аргентина) ва ҷаноби Ҳенрикас Микевичус (Литва) буданд.

Гурӯҳи корӣ аз ҷониби Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи башар дар соли 1980 ҷиҳати кӯмак ба оилаҳо дар муайян намудани сарнавишт ва макони ҷойгиршавии хешовандони нопадидшуда ташкил шуда буд. Он барои ташкил намудани канали коммуникатсия байни оилаҳо ва ҳукуматҳои мавриди ҳадаф ҷиҳати таъмини тафтишоти паравандаҳои инфиродӣ бо мақсади муайян намудани маҳалли ҷойгиршавии шахсони нопадидшуда, шахсони қарордошта берун аз ҳимояти қонун талош менамояд. Бо дарназардошти мандати башардӯстонаи Гурӯҳи корӣ, ошкорсозӣ ҳангоми ба таври возеҳ муайян карда шудани сарнавишт ва маҳалли ҷойгиршавии шахси нопадидшуда сурат мегирад. Гурӯҳи корӣ баррасии парвандаҳои нопадидшавиро то ҳал шудани онҳо идома медиҳад. Он ҳамчунин дар татбиқи “Эъломияи СММ оид ба ҳимояти ҳамаи шахсон аз нопадидшавии маҷбурӣ” аз ҷониби кишварҳо кӯмак мерасонад.

Гурӯҳҳои корӣ бахше аз Расмиётимахсуси Шӯрои ҳуқуқи башар мебошанд. Тартиботи махсус ниҳоди калонтарини коршиносони мустақил дар системаи СММ оид ба ҳуқуқи башар ва номи умумии механизмҳои мустақили Шӯро оид ба муайян намудани далелҳо ва мониторинг мебошад, ки ё вазъиятҳои кишвари муайян ва ё масъалаҳои мавзӯиро дар ҳамаи қисматҳои ҷаҳон ҳал менамоянд. Коршиносони соҳаи Тартиботи махсус ба таври ихтиёрӣ кор мекунанд; онҳо кормандони СММ нестанд ва барои кори худ маош намегиранд. Онҳо аз ҳар гуна ҳукумат ва созмон мустақил ҳастанд ва бо зарфияти инфиродии худ кор мекунанд.  
Ҳуқуқи башари СММ, саҳифаи кишварӣ – Тоҷикистон
                                                                                                     
Барои маълумоти бештар ва дархостҳои матбуотӣ муроҷиат кунед:

Женева (пеш аз сафар ва баъд аз сафар): Уго Чедранголо (+41 22 917 9286 - ucedrangolo@ohchr.org
    
Душанбе (ҳангоми сафар): Суҳроб Шоев (+992 44 600-55-40) - sshoev@ohchr.org

Барои дархостҳои матбуотии вобаста ба дигар коршиносони мустақили СММ:


Ҷеремӣ Лоуренс – Шуъбаи ВАО (+41 22 917 9383 / jlaurence@ohchr.org)


Nema komentara:

Objavi komentar